Калпесак*
Кандуи оруи кафқозии хомушгашта ботил
дар раги шарёни хоболуди соҳил
дидаи айёру зери ӯ даҳони боз чун ҷайб
як дурахше карду андар сахра зад ғайб
дар мағора метаровад ширавории дурахшон
мисли ҳалво сангбаста теғаҳои шарбати он
...ёдамон овард калпесак аз он рӯзони рафта
он гаҳе, к-аз тангно мерафт бозувони тафта
он гаҳе, ки бозувонаш аз мушакҳо мешавад пур,
мешавад аз мавҷ чанголаш ҳаме покиза манзур.
* Сусморак