Хомўшу ғамовар аст ин хонаи сард...
* * *
Хомўшу ғамовар аст ин хонаи сард.
Дер аст дигар гуфтани «Оред саманд!»
Эй ҷон, дигарам чи монда аз олами дард —
Аз субҳаки чанд монда то шомаки чанд.
Гардида ба рўи сабзаҳо сард ғизо.
Фориғ бувад Аллоҳу Ватан дар хоб аст.
Ҷўшидани чойҷўшро бин, гўё
Пурҷўш дили хашмии ман бетоб аст.
Дар зери навои дилфиреб ин тўда
Моро зи дигар фиреб доданд осон.
Бурда ҳамаро зи будаву нобуда,
Муфлис ҳамаро карда ба қадри имкон.
Пўсида ҳазор хонаву деҳкада зор,
Ҳар ҷо нигарӣ, расида бин тирамаҳаш.
Ҳар деҳа на деҳа аст, бошад чу мазор,
Ҷуз ту набувад зинда ба пайроҳу роҳаш.
Чун ёфтӣ, эй азиз, раҳ ҷониби ман,
Бигрехта аз туҳмату аз ғайбати беш.
Пероҳани арғувониат чаппа ба тан,
Осемаву сарбараҳнаву зору пареш?
Чун? Баҳри чӣ? Охир, ту ҷавонӣ ҳоло,
Аз хотири ман макан зи дунё дили худ!
Ночизтаре набошад аз ин дунё,
Испар мешаваш ту бо тани хушгили худ!
Хомўшу ғамовар аст ин хонаи сард.
Дер аст дигар гуфтани «Оред саманд!»
Эй ҷон, дигарам чи монда аз олами дард —
Аз субҳаки чанд монда то шомаки чанд.
Гардида ба рўи сабзаҳо сард ғизо.
Фориғ бувад Аллоҳу Ватан дар хоб аст.
Ҷўшидани чойҷўшро бин, гўё
Пурҷўш дили хашмии ман бетоб аст.
Дар зери навои дилфиреб ин тўда
Моро зи дигар фиреб доданд осон.
Бурда ҳамаро зи будаву нобуда,
Муфлис ҳамаро карда ба қадри имкон.
Пўсида ҳазор хонаву деҳкада зор,
Ҳар ҷо нигарӣ, расида бин тирамаҳаш.
Ҳар деҳа на деҳа аст, бошад чу мазор,
Ҷуз ту набувад зинда ба пайроҳу роҳаш.
Чун ёфтӣ, эй азиз, раҳ ҷониби ман,
Бигрехта аз туҳмату аз ғайбати беш.
Пероҳани арғувониат чаппа ба тан,
Осемаву сарбараҳнаву зору пареш?
Чун? Баҳри чӣ? Охир, ту ҷавонӣ ҳоло,
Аз хотири ман макан зи дунё дили худ!
Ночизтаре набошад аз ин дунё,
Испар мешаваш ту бо тани хушгили худ!




