Шеърро бигзору рӯ бар наср ор...

* * *
Шеърро бигзору рӯ бар наср ор,
Шоирон бисёру носирон каманд.
Булбулу садбаргу гулҳо, мурғакон
Ҳусн мебахшанд бар насри баланд.

Худ низоми шоирон ҳарбист,
Дур аз ин пеша кун худро,
Носиронро ҳаст имкони зиёд
Баҳри ибрози ҳама андешаҳо.

Носиронро нест ҳарфе аз дурӯғ,
Субҳ танҳоянд бо аҳволи нағз.
Шоиронро фитнаву баҳсу дассиса,
Субҳ дарди сар, фишори мағз.