Леонид Юзефович

Леонид Абрамович Юзефович (с. т. 1947) — носир, филмноманавис, барандаи ҷоизаҳои «Национальный бестселлер» (2001, 2006) ва «Большая книга» (2009, 2016, 2021).
Дар Маскав таваллуд шуда, кӯдакӣ ва ҷавонияшро дар Перм гузаронидааст. Факултаи таърихи Донишгоҳи Пермро хатм намудааст. Ҳамчун муаллим ва рӯзноманигор кор кардааст. Номзади илмҳои таърих.
Бо қиссаи «Ақди густохона» соли 1977 по ба арсаи адабиёт гузошт. Баъдтар дигар қисса ва романҳои таърихияш — «Бошгоҳи Эсперо», «Ҳокими бод», «Хонаи гулобӣ», «Турнаҳо ва паканаҳо», «Ҳокими мутлақи биёбон», «Мино дар Хийумаа», «Филэллин» ва ғ. ба нашр расидаанд.
Аз ҷониби хонандагон бештар силсилаи асарҳои моҷароии нависанда дар бораи детектив Иван Путилин хуб пазируфта шуда, махсусан романи мустанади ӯ «Роҳи зимистонӣ» перомуни ҷанги шаҳрвандӣ баҳои баланд гирифтааст.
Дар наср ва мустанаднигории Юзефович таърихияти жарф бо шадидияти вуҷудӣ омезиш меёбад. «...дар паси моҷароҳои детективӣ ҳамеша асрори арзишманди ҳаёт намоён аст. <...> Дар ҳама осори моҷароии Юзефович воқеаҳо назар ба ҷустуҷӯи қотил бисёр диққатҷалбкунандаанд, ҳодисаҳое, ки зеҳнҳоро ба таҳрик меоранд: хонанда ғарқи афкори марбут ба тамоми башар ва фарогири кулли олам мегардад» (Марина Абашева).