Андрей Битов
Андрей Георгиевич Битов (1937—2018) — носир ва сенариянавис, барандаи Ҷоизаи давлатии Федератсияи Русия (1992, 1997), Ҷоизаи Ҳукумати Федератсияи Русия (2014).
Дар Ленинград дар хонадони меъмор ва ҳуқуқшинос таваллуд шудааст. Пас аз хатми Донишкадаи кўҳкории Ленинград устои кўҳкан шуда кор кардааст. Баъд аз таҳсил дар курсҳои олии сенариянависону коргардонҳо ба таълифи сенарияҳо рў овард. Китобҳои «Сабақҳои Арманистон», «Ҷазираи дорушинос», «Рўзҳои инсон» ва ғайра чун носири умқгаро ва соҳибсабк маъруфаш карданд. Романи нахустини Битов «Хонаи Пушкин» соли 1978 дар Америка ба табъ расида, машҳури ҷаҳонаш намуд. Устоди Донишкадаи адабии ба номи А. М. Горкий буд. Хусусан баъди бозсозӣ асарҳои зиёд чоп кард. «Монахови паррон», «Васвосиҳо», «Зарурати нонавишта», чорҷилдаи «Чаҳор ченаки империя» ва дигар китобҳояш сазовори ҷоизаҳои зиёди байналмилалӣ ва Россия шудаанд.